Хазинаи Шарикии нигоҳдории ҳудудҳои калидии гуногунии биологӣ (CEPF) — барномаи умумиҷаҳонист, ки маблағгузорӣ ва кӯмаки техникиро ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон дар нигоҳдории экосистемаҳои дар вазъи шадид қарордошта таъмин менамояд. Хазинаи Шарикии нигоҳдории ҳудудҳои калидии гуногунии биологӣ (CEPF) — барномаи умумиҷаҳонист, ки маблағгузорӣ ва кӯмаки техникиро ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон дар нигоҳдории экосистемаҳои дар вазъи шадид қарордошта таъмин менамояд.
Хазинаи шарикии нигоҳдории ҳудудҳои калидии гуногунии биологӣ (CEPF) соли 2000 барои ҳалли ин мушкилот тавассути васеъ намудани имкониятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои тараққиёбанда ва дорои иқтисоди давраи гузариш таъсис ёфтааст, то ин ки минтақаҳои хатарноки гуногунии биологии ҷаҳониро муҳофизат намояд.
Хазина ба ҷомеаи шаҳрвандӣ (ба созмонҳои ғайридавлатӣ, хусусӣ, муассисаҳои таълимиву илмӣ) грантҳоро пешниҳод мекунад, ва тавассути ин грантҳо стратегияҳои нигоҳдориро, ки дар ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдорӣ маҳаллӣ таҳия шудаанд, амалӣ менамояд. Ин навъи маблағгузорӣ аҳамияти хоса дорад, чунки минтақаҳои фарогир барои миллионҳо нафар одамони қашшоқшуда ва аз шароитҳои табиат сахт вобастабуда ҷои зист аст.
Хазина барномаи муштараки Оҷонсии рушди Фаронса, Ташкилоти Байналхалқии ҳифзи табиат, Фонди Ганс Вилсдорф, Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Глобалии Экологӣ, ҳукумати Ҷопон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад.
Сомона: www.cepf.net