Кӣ дархости грантиро пешниҳод карда метавонад?
Рӯйхати нопурраи созмонҳое, ки дар доираи барномаи грантии мазкур маблағгузориро соҳиб шуда метавонанд, манзуратон мегардад. Дар сурати пайдо шудани саволҳо хоҳишмандем бо мо дар тамос шавед.
- Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
- Донишгоҳҳои хусусӣ
- Иттиҳодияҳо ва/ё ширкатҳои шаҳрвандӣ
- Шаклҳои дигари созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (агар шубҳа ва ё савол дошат бошед, аз мо пурсед)
Созмонҳои тиҷоратӣ, ба монанди хоҷагиҳои фермерӣ ва ё хоҷагиҳои шикорчиён низ имконияти гирифтани грантро доранд, ба шарте агар асоснокии мувофиқро пешниҳод намоянд.
Фарқи байни грантҳои хурду бузург дар чист?
Грантҳои хурд ба маблағи то 20 000 доллари ИМА дода мешавнд. Раванди пешниҳоди дархостҳо аз озмуни якдавра иборат аст. Грантҳои бузург ба маблағи 20 000 доллари ИМА ва беш аз он дода мешаванд. Раванди пешкаши дархостҳо аз 2 давр иборат аст. Грантгирандагони имконпазир аввал мактуби ҳавасмандиро пешниҳод менамоянд, дар сурати интихоб гаштанашон дархости пурраи комилро таҳия менамоянд.
Давомнокии лоиҳа
Давомнокии лоиҳа маҳдуд карда нашудааст. Лутфан ба дастурамалҳои ҳар як озмуни грантии мушаххас диққат диҳед. Ҳамчун қоида, давомнокии лоиҳаҳои грантҳои хурд аз 1 то 2 сол аст, ҳол он ки лоиҳаҳои грантҳои бузург давомноктаранд. Аммо билохира тамоми лоиҳаҳо ҳатман бояд то моҳи июни соли 2024 ба охир расанд.
Маблағи ниҳоии грант
Буҷаи грантҳои бузург набояд беш аз $150,000 бошад.
Оё як ташкилот ду ва ё зиёда грантро соҳиб шуда метавонад?
Мо дар як замон беш аз як грант пешкаш намекунем, шумо бояд аввал як лоиҳаро комилан ба анҷом расонед, то ин ки дигарашро оғоз намоед. Ҳамзамон шумораи дархостҳои як ташкилот бемаҳдуд аст.