ДАР БОРАИ БАРНОМА

Барномаи грантҳо ба нигоҳдории гуногунии биологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудааст. Барнома зери ҳамоҳангсозии WWF ва бо маблағгузории Хазинаи шарикии нигоҳдории манотиқи калидии  гуногунии биологӣ (CEPF) амалӣ мегардад. Хазина соли 2000 ривоҷи имкониятҳои ҷомеаи шаҳрвандии мамолики тараққиёбанда ва мамолики иқтисодиёти давраи гузариш бо мақсади ҳифзи манбаҳои  гуногунии биологӣ — экосистемаҳои ғании ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.

Манбаҳи  гуногунии биологӣ дар минтақаи кӯҳии Осиёи Марказӣ бо ду қаторкӯҳи бузургтарин, Помир ва Тиён Шон ташаккул ёта, дар ҳудуди ҳафт мамлакат ҷойгир шудааст: анқариб тамоми Тоҷикистону Қирғизистон, ҷанубу шарқи Қазоқистон, Ӯзбекистони шарқӣ, Хитойи ғарбӣ, шимолу шарқи Афғонистон, ва қисми начандон калони кӯҳии ҷанубу шарқи Туркманистон.

Ҳудуди ҷудокардашуда дорои гуногунии ғании намудҳои эндемии растаниву паррандаҳо, хазандаҳо, дубаҳраҳову моҳиҳо мебошад.

Таҷрибаи Хазинаи шарикии нигоҳдории манотиқи калидии  гуногунии биологӣ  нишон медиҳад, ки чунин барномаҳои грантӣ имконияти таъмини нигоҳдории ҳудудҳои калидии гуногунии биологиро дар минтақаи лоиҳа фароҳам меоранд, ҳамзамон ба рушди дарозмуддати ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Харитаи интерактивӣ дар сомонаи CEPF (rus)

Ecosystem profile

Манбаҳои гуногунии биологӣ (rus)

Истинод ба CEPF (rus)

 

WWF: ташкилкунандаи барнома

цца

Хазинаи Умумиҷаҳонии табиат (WWF) — яке аз ташкилотҳои бузургтарини байналхалқии ҳифзи табиат аст, ки беш аз 5 миллион тарафдорро муттаҳид менамояду дар зиёда аз 100 мамлакат фаъолият дорад.

Мароми WWF — пешгирии таназзули афзоишёбандаи муҳити табии сайра ва ба даст овардани мувофиқати ҳақиқии одаму табиат мебошад. Мақсади асосии WWF — нигоҳдории гуногунии биологӣ дар Замин аст.

Беш аз 50 фисади буҷаи умумиҷаҳонии моро хайрияҳои шахсони алоҳида, ки мо ононро тарафдорони WWF меномем, ташкил мекунад. Мо бо камоли мамнуният ҳамагонро даъват мекунем, ки ба ин кори наҷиб  ва дар ҳақиқат муҳим, яъне расонидани кумак дар ҳифзи табиат, ҳамроҳ шаванд.
(муфассал)

 

 

 AРГО: Шарик

фкпщ

«Ассосиатсияи Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ «АРГО» — ассосиатсияи миллӣ мебошад. АРГО созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ), ки ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаҳои Қазоқистон хизмат мерасонанд, муттаҳид намудааст. АРГО ба таври расмӣ соли 2004, баъди муттаҳид намудани марказҳои захиравии СҶШ тамоми мамлакат, ба қайд гирифта шудааст. Ҳар як аъзои АРГО дорои шабакаи худии ТҒД аст, ва бо ҳамин тариқ, аъзоёни расмии АРГО ба беш аз 80% ТҒД Қазоқистон дастрасӣ доранд. Дар давоми 10 сол АРГО бо рушди ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон фаъолона машғул буд, солҳои охир бошад, доираи фаъолияти АРГО Осиёи Марказиву ИДММ ва Осиёи Ҷанубиро низ фаро мегирад.
(муфассал)

 

 

CEPF: Маблағгузории барнома

суза

Хазинаи шарикии нигоҳдории ҳудудҳои калидии гуногунии биологӣ.

Гуногунии биологӣ – навъҳои гунгунрангу бои ҳаёт дар Замин барои инсон омили калидии асосӣ ба ҳисоб меравад, аммо ба ин нигоҳ накарда, зери таҳдиди доимӣ ва афзуншаванда қарор дорад. Хазинаи шарикии нигоҳдории ҳудудҳои калидии гуногунии биологӣ (CEPF) соли 2000 барои ҳалли ин мушкилот тавассути васеъ намудани имкониятҳои  ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои тараққиёбанда ва дорои иқтисоди давраи гузариш таъсис ёфтааст, то ин ки минтақаҳои хатарноки гуногунии биологии ҷаҳониро муҳофизат намояд. Ин минтақаҳо аз ҷиҳати захираҳои биологӣ ғанитарин мебошанд, аммо зери таҳдидҳои системаҳои экологии рӯйи Замин қарор доранд.
(муфассал)