АССОСИАТСИЯИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ (АРГО)

argo«Ассосиатсияи Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ «АРГО» Ассоциация Развития Гражданского Общества «АРГО» — — ассосиатсияи миллӣ мебошад. АРГО созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ), ки ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаҳои Қазоқистон хизмат мерасонанд, муттаҳид намудааст. АРГО ба таври расмӣ соли 2004, баъди муттаҳид намудани марказҳои захиравии СҶШ тамоми мамлакат, ба қайд гирифта шудааст. Ҳар як аъзои АРГО дорои шабакаи худии ТҒД аст, ва бо ҳамин тариқ, аъзоёни расмии АРГО ба беш аз 80% ТҒД Қазоқистон дастрасӣ доранд. Дар давоми 10 сол АРГО бо рушди ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон фаъолона машғул буд, солҳои охир бошад, доираи фаъолияти АРГО Осиёи Марказиву ИДММ ва Осиёи Ҷанубиро низ фаро мегирад.

Маром

АРГО — ташкилоти ғайритиҷоратӣ аст. Бо сифати баланду боэътимод банақшагириву идоракунии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқиро ба ӯҳда дорад. Минтақаҳои афзалиятноки фаъолияти АРГО мамолики Осиёи Марказӣ, ИДММ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошанд.

АРГО усулҳои навовари рушди ҷомеаи шаҳрвандиро таҳия менамояд ва мавриди истифода қарор мегирад. Беш аз 30000 хизматҳои рушди институтсионалӣ, аз ҷумла тренингу машваратҳо, мизҳои мудавва, назорату арзёбӣ, хизматрасонии марказҳои захиравӣ дар минтақаҳи Қазоқистон, Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДММ расонида шудааст.

АРГО ва аъзоёни Ассосиатсия пайваста баҳри ривоҷи муносибатҳои мутақобилан судманди бо сохторҳои марбутаи давлатӣ, пойдории муоширати кушод, ҳамбастагӣ ва ошкорбаёнӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. АРГО кормандону хизматчиёни мақомотҳои ҳокимияти маҳаллиро оиди бартариҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ меомӯзонад.

АРГО бомуваффақият ҳамбастагиро бо соҳибкорон ба роҳ монда истода, ба ширкатҳои бузургтарин дар самти банақшагирӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта кӯмак мерасонад.

АРГО успешно взаимодействует с бизнесом, помогая крупнейшим компаниям планировать и осуществлять проекты и программы социальной направленности.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари АРГО онро дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ва берун аз он эътироф менамоянд. АРГО аъзои мақомоти машваратии Вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин гурӯҳҳои кории назди Ҳукумати ҶҚ ва дигар мақомотҳои давлатӣ мебошад. Исботи эътирофи АРГО инчунин дар он аст, ки сарварони ташкилот бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ сазовор гаштаанд.

АРГО дар Қазоқистон аввалин шуда 25 лоиҳаи озмоишӣ (пилотӣ)ро дар самти “Рушди корхонаҳои иҷтимоӣ” амалӣ намудааст. АРГО дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти васеъи тадқиқотӣ, коршиносӣ, таҳлилиро ба роҳ мондааст. проводит исследовательскую, экспертную и аналитическую работу в сфере развития гражданского общества.

АРГО нахустин шуда дар Қазоқистон Маърӯзаи Миллии «ТҒД ва давлат: бо самти ҳамкории судманд»ро омода намудааст.

Сомона: argonet.org